Ба гузориши агентсии хабарӣ «Абно» ба нақли «Маркази иттилооти Фаластин», Купер дар ҳисоби шахсии худ навишт: «Сӯзондани тамоми Лубнон, як баёнияи даҳшатнок ва нафратангез аз вазири (режими) Исроил аст, ки ба ҳақ аз ҷониби ҳукумати Англис таҳрим шудааст».
Гуфтанӣ аст, ки баъд аз кушта шудани чор низомии сионистӣ дар амалиёти Ҳизбуллоҳ ва низ фишор ба Тел-Авив барои боздошти ҳамлаҳо дар Лубнон, Итамар Бен-Гвир, вазири амнияти дохилии режим, Смотрич, вазири молия ва чанд тан аз мақомоти сионистӣ хостори несту нобудии комили Лубнон ва сӯзондани ин кишвар шуданд.
Бен-Гвир пештар дар ҳамла ба фаъолони навгони ҷаҳонии «Самуд» барои шикастани муҳосираи Ғазза, ба ин фаъолон ҳамла карда, туҳмат зада ва ҳатто дастури таҷовуз ба онҳо дода буд, ки дар феҳристи сиёҳи таҳримҳои баъзе аз кишварҳои Аврупо қарор гирифт.
Your Comment